Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

ТАШРИФИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ХАТЛОН

Рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аҳолиро бо озуқа, саноатро бо ашёи хом ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардумро таъмин менамояд.

Санаи 11 ноябри соли ҷорӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ҷиҳати бозбинӣ аз рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ба шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ ва Кӯшониён сафари корӣ баргузор намуданд.

Дар рафти сафари корӣ муовини раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар, муовини аввали вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” Далер Саторӣ, раисони ноҳияҳои зикргардида ва шахсони расмӣ ӯро ҳамроҳӣ намуданд.

Нахуст Муовини Сарвазир муҳтарам Зиёзода Сулаймон дар оғозӣ сафари корӣ аз майдони пахтазори хоҷагии деҳқонии “Шукрона”-и ноҳияи Ёвон дидан намуда, ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили он ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сипас дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва мутахассисони соҳа ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа масъулини соҳа ва ҳафт ҷамоати пахтакори ноҳия (ҷамоатҳои “Ҳаёти нав”, “Даҳана” “Обшорон”, “Чоргул”, “Гули сурх”, Гулсара Юсупова” ва “Норин”) аз иҷроиши нақшаи имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҳисобот доданд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ҷиҳати сари вақт риоя накардани агротехникаи парвариши пахта махсусан коркарди байни қатор, ягонакунӣ, сарчинкунӣ (чеканка) муҳофизат аз ҳашаротҳои зараррасон, нигаронӣ намуда иброз дошт: ҳосили пахта дар саҳро ҳоло ҳам зиёд буда, аз имконияту иқтидори мавҷудбуда ва мусоид омадани обу ҳавои тирамоҳ самаранок истифода намуда, то кӯраки охирин ҳосили онро ҷамъоварӣ намоед.

Пас аз ҷаласа аз хоҷагии деҳқонии “Чақал”, “Дусмурод Ҳакимов” ва дигар хоҷагиҳои ноҳияи Ёвон дидан намуда, баҳри сари вақт ҷамъоварии ҳосили пахта тавсияҳои судманд доданд. Ҳамчунин аз заводи пахтатозакунии ҶДММ “Анис – Ёвон” дидан карданд. Роҳбари корхона оид ба қабули пахта, истеҳсол ва коркарди он, истеҳсоли равғани растанӣ ва хӯроки чорво дар як сол маълумот дода, қайд намуд, ки рӯзҳои наздик боз таҷҳизотҳои муосир ворид гардида, хати истехсоли коркарди маҳсулотҳои пахтаро боз ҳам беҳтар менамояд.

Сипас аз майдонҳои пахтазори ноҳияи А.Ҷомӣ дидан намуданд дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи А.Ҷомӣ бо масъулини соҳа ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар рафти ҷаласа роҳбарони ҳафт ҷамоатҳои пахтакори ноҳия аз қабили “Иттифоқ”, “Калелин”, “Дӯстӣ” “Панҷоҳсолагӣ” “Ифтихор”, “Қадриддин Ғиёсов” ва “Якатут” аз рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ва иҷроиши нақшаи дурнамо ҳисобот доданд.

Сипас муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ҷиҳати иҷроиши саривақтии нақшаи дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта тавсияҳои судманди корӣ пешниҳод намуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ниммаи рӯз ҳайати корӣ аз майдонҳои пахтазори ҶСК “Ресандаи Қурғонтепа”-и ноҳияи Кушониён ва Кооперативии Тиҷоратии “Зарзамин”-и шаҳри Леваканд дидан намуданд. Сипас бо масъулини соҳа роҳбарони ҷамоатҳои пахтакор дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Кӯшониён ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа роҳбарони ҷамоатҳои пахтакор доир ба рафти иҷроиши ҷамъоварии ҳосили пахта ҳисобот дода, қайд намуданд, ки аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ самаранок истифода намуда, нақшаи дурнамои пахтаро дар мӯҳлати муайянгардида иҷро менамоянд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ махсусан ноҳияи Кӯшониён муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ҷиҳати сари вақт риоя накардани агротехникаи парвариши пахта махсусан коркарди байни қатор, ягонакунӣ, сарчинкунӣ (чеканка) муҳофизат аз ҳашаротҳои зараррасон, нигаронӣ намуда иброз дошт: ҳосили пахта дар саҳро ҳоло ҳам зиёд буда, аз имконияту иқтидори мавҷудбуда ва мусоид омадани обу ҳавои тирамоҳ самаранок истифода намуда, то кӯраки охирин ҳосили онро ҷамъоварӣ намоед.

Дар фарҷоми ҷаласа Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ дастур дод, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ махсусан пахта тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Loading

X