Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Дастгириҳои технологӣ ба Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ

Боиси ифтихор аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар кӯшиш намуда, ҷиҳати сари вақт бартараф намудани мушкилотҳои соҳа таваҷҷӯҳи хосса зоир менамояд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи компоненти 3,2-и лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои сари вақт ва бо сифати баланд омода намудани маълумотҳои ташхиси хоку растанӣ ва дигар кори мутахассисони соҳа санаи 8 ноябри соли ҷорӣ 7 адад компютер ва 7 адад принтери муосир ба озмоишгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзӣ Тоҷикистон дастрас гардонида шуд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта аз ҷониби Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» намои пурраи беруна, сақфи (болопӯш) бино ва толори маҷлисгоҳи бинои Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ -ро бо тарҳи наву замонавӣ таъмири копиталӣ намуда ба истифода дода шуд.

Аз ин иқдоми нек масъулин ва роҳбарияти Институт изҳори сипос намуда, кӯшиш менамоянд, ки дар оянда низ барои боз ҳам рушди соҳаи кишоварзӣ саҳмгузор бошанд.

Loading

X