Хабарҳо 30.10.2024 Ташрифи ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ ба вилояти Суғд Рӯзҳои 29-30 октябри соли ҷорӣ ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд. Дар рафти сафари корӣ сараввал бо муовини раиси вилоят оид ба иқтисод Анвар Ёқубӣ мулоқоти корӣ анҷом дода шуд. Зимни мулоқот муовини раиси вилоят оид ба корҳои таъмиру азнавсозии иншооти кишоварзӣ, дастрасии баҳрагирандагони лоиҳа бо тухмиҳои хушсифату дорои сетификати зироатҳои кишоварзӣ, мустаҳкам намудани баззаи модиву техникии хоҷагиҳои ниёзманду тухмипарвар ва бунёди маркази агрологистикӣ дар минтақаи озоди иқтисодии вилоят ибрози андеша намуда, ба намояндаи Бонки ҷаҳонӣ ва роҳбари Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҷиҳати ҳамкории пайваста доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ изҳори сипос намуданд. Сипас ҳайати корӣ дар рафти сафар аз хоҷагиҳои тухмипарварии ба номи Саидхӯҷа Урунхӯҷаев, х/д “Яккатут”-и н.Ҷ.Расулов ва якчанд хоҷагиҳои тухмипарвару ниёзманди вилоят дидан намуда, бо роҳбарони хоҷагиҳо (баҳрагирандагони лоиҳа) вохӯрӣ баргузор намудан. Дар рафти вохӯрӣ кишоварзон аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати рушди соҳа кишоварзӣ изҳори сипос намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ба масъулин мушкилиҳои пешомадаро пешниҳод намуданд. Пас аз вохӯрӣ тибқи нақша ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз минтақаи озоди иқтисодии вилоят, ки дар он маркази агрологистикӣ бунёд мегардад дидан намуда, ба шахсони масъул ҷиҳати бо сифат ва сари вақт бунёди он машваратҳои судманди корӣ доданд.