Хабарҳо 30.10.2024 Корҳои таъмиру бозсозӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон”Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор биноҳои илмию таълимии ниҳодҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро давра ба давра таъмиру азнавсозӣ менамояд.Муассиса дар доираи компоненти якуми лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» намои пурраи беруна ва дохилии бинои КВД “Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масоҳати 776,52 метри мураббаъ рангубори хушсифат ва таъмиру азнавсозӣ намуд.Болопӯши утоқҳои корӣ ва амборҳои муассиса, ки солиёни зиёд кӯҳнаву фарсуда гардида буданд дар масоҳати 1641 метри мурабба, бо иваз намудани дару теразаҳо, фарш, шифт (сақф) ва равшанӣ бо сифати хуб пурра таъмиру азнавсозӣ карда шудааст.Ҳамчунин 11- адад утоқҳои кории кормандони муассиса, ки ба таъмири асосӣ (капиталӣ) ниёз дошт онро низ дар масоҳати 1121 метри мураббаъ бо тарҳи муосиру замонавӣ бо иваз намудани дару теразаҳо, фарш, шифт (сақф) ва қандилҳо пурра таъмир карда шуд.Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Бунёдкори Сомон” тибқи меъёрҳои талаботи стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ бо сифати баланду замонавӣ ба анҷом расида, бино мавриди истифода қарор дорад.Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон” аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳолу қаноатманд гардида, изҳори сипос намуданд.