Хабарҳо 28.10.2024 Воридоти тухмии гурӯҳи элита дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”Мутахассисони соҳаи тухмипарварӣ иброз медоранд, ки тухмии хушсифат кафолати серҳосилӣ буда, дар ҳолате, ки сари вақт кишту агратехникаи парвариши онро дуруст ба роҳ монда шавад.Аз санаи 28 сентябри соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” воридоти 500 тонна тухмии гурӯҳи элитаи навъҳои Алексеевич (200 тонна) ва Темирязевка-150 (300 тонна) ба ҷумҳурӣ ағоз гардид.Тухмиҳои воридгардида хушсифат ва дорои сертификат байналмилалӣ буда, ба шароити иқлими шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутобиқ мебошад. Тухмиҳои элита барои рушди соҳаи тухмипарварӣ равона гардида, тибқи нақшаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беш аз 100 хоҷагиҳои тухмипарварӣ кишвар пешбинӣ гардидааст.Кишоварзони мамлакат (баҳрагирандагони лоиҳа) аз он қаноатманд ҳастанд, ки ҳамасола ин иқдом бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хоҷагиҳои тухмипарвар ва ниёзманди кишвар амалӣ гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, такрористеҳсолкунӣ, истеҳсоли тухмии сертификатшуда, рушди соҳаи тухмипарварӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар равона мегардад.