Хабарҳо 25.10.2024 Мулоқоти кории намоядаи Бонки Ҷаҳонӣ бо кормандони ташкилоти ҷамъиятии “Авесто” Санаи 25 октябри соли ҷорӣ дар доираи ташрифи Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ дар Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ сармутахассис оид ба соҳаи тандурустии Бонки ҷаҳонӣ Моҳинӣ Как бо кормандони ташкилоти ҷамъиятии “Авесто” аз қабили намояндагон аз Муассисаи давлатии “Маркази миллии солимии репродуктивӣ”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷароҳии кудакона”, “Маркази ҷумҳуриявии клиникии тибби оилавӣ” вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ мутахассисони соҳа оид ба гузаронидани омӯзишҳо бо мақсади омода намудани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо донишҳои зарурӣ, барои самаранок истифода бурдани витамину микронутриентҳо ва мониторинги тақсимоти онҳо, назорату роҳнамоии ҳамаҷониба дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамчунин ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ таваҷҷӯҳи хосса зоир намуда, роҷеъ ба раванди корҳои иҷрогардида ба масъулин тавассути рунамо ҳисоботи муфассал пешниҳод карданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ сармутахассис оид ба соҳаи тандурустии Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати дар оянда боз ҳам беҳтар намудани сифати корҳои ба нақша гирифташуда, сари вақт таъмин ва дастрасии аҳолӣ бо маводҳои тиббӣ (витаминҳо ва микронутриентҳо) ба мутахассисони соҳа тавсияҳои судманд пешниҳод намуд.