Хабарҳо 23.10.2024 Кишти зироатҳои ғалладонагӣ дар ҷумҳурӣ бо маром идома дорад Тухмии хушсифат кафолати серҳосилии зироат буда, дар ҳолати риояи агротехникаи парвариш кишоварзон метавонанд онро солиёни зиёд истифода намуда, аз он ҳосили баланд ба даст биёранд. Соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ба хоҷагиҳои тухмипарвар ва ниёзманди ҷумҳурӣ тухмии хушсифати дорои сертификати навъҳои Гром, Аликсеич ва Тимерязевка-150-ро сари вақт дастраси кишоварзон намуд. Кишоварзони ҷумҳурӣ (баҳрагирандагони лоиҳа) соли ҷорӣ тибқи нақша дар майдони 2272 га кишти гандумро ба роҳ монда, кӯшиш менамоянд, ки дар рӯзҳои наздик онро ба анҷом расонанд.