Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

Ташрифи Миссияи Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати арзёбии миёнамуҳлати лоиҳа

Тибқи нақша Миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз санаи 21.10.2024 то 01.11.2024 барои арзёбии миёнамуҳлати лоиҳа вохӯриҳо бо вазорату идораҳо, мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, манфиатбарандагон ва масъулини татбиқи лоиҳа баргузор менамояд.

Санаи 22.10.2024 вохӯрии Миссия бо масъулини татбиқи лоиҳа, яъне Муссисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа роҳбарият ва масъулини муассиса ҷиҳати татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҳисоботи мухтасар оид ба дастовардҳо ва мушкилоти лоиҳа пешниҳод намуданд.

Миссия тасмим гирифтааст, ки тибқи нақша то охири моҳи ҷорӣ вохӯриро бо баҳрагирандагони лоиҳа баргузор намояд.

Loading

X