Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Ҷамъоварии картошкаи тухмӣ дар минтақаҳои назди куҳии вилояти Суғд

Имсол хоҷагиҳои тухмипарвари вилояти Суғд (баҳрагирандагони лоиҳа) бо мусоид омадани боду ҳаво хушҳол гардида, сари вақт кишти зироатҳои кишоварзӣ махсусан картошкаро дар майдони 83 га ба роҳ монда буданд. Дар натиҷаи риояи дурусти агротехникаи парвариш, ҳосилнокӣ ба маротиб афзуда имрӯзҳо бо хушҳолӣ онҳоро ҷамъоварӣ менамоянд.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои рушди соҳаи тухмипарварӣ дар давраи кишти картошка тухмии картошкаи хушсифати дорои сертификати гурӯҳи элитаи навҳои «Эволюшен», «Пикассо» ва «Аризона»-ро ба кишоварзони хоҷагиҳои тухмипарвари миқёси ҷумҳурӣ дастрас гардида буд.

Хоҷагиҳои тухмипарвар аз ин иқдоми пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардида, азм доранд, ки ҳосили дар саҳробударо сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

Айни ҳол ҳосилнокӣ дар саҳро ба ҳисоби миёна 750 — 850 с/га-ро ташкил дода, дар баъзе минтақаҳо то ба 950 с/га расидааст, ки барои рушди соҳаи тухмипарварӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Loading

X