Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагон аз Вазорати кишоварзӣ, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии созмони миллали мутаҳид (ФАО) Агентии обуҳавосанҷӣ ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” шомил мебошанд.
Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур ҷамъоварии маълумоти муҳим оид ба истифодаи замин ва истеҳсолоти кишоварзӣ ба таври мунтазам ва саривақтӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва табдил додани ин маълумот ба асоси амалҳои воқеӣ, аз ҷумла таъмини омодагӣ ва вокуниш ба бӯҳрон хоҳад буд.
Инчунин дар доираи зеркомпоненти мазкур истеҳсоли маълумоти агрометеорологӣ дар вақти воқеӣ дастгирӣ карда мешавад, ки он ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори Вазорати кишоварзӣ оид ба ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилооти мушаххаси обу ҳаво ва расонидани огоҳии бармаҳал ва пешгӯиҳои саривақтӣ ба деҳқонон барои бартараф кардани таъхирҳо дар пешниҳоди иттилооти агрометеорологӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии обуҳавошиносӣ ба нақша гирифта шудааст.