Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Риояи талаботҳои бехатарӣ дар муассисаҳои Вазорати кишоварзӣ

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи компоненти 3-и лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” соли ҷорӣ мутахассисони соҳа безараргардонии маводҳои химиявию заҳрхимикатҳои кӯҳнашуда ва зарфҳое, ки дар он маҳлулҳои химиявӣ истифада карда шудаанд, дар замони соҳибистиқлолӣ аввалин маротиба тарзи безараргардонии онро ба роҳ монд.

Ин иқдом дар асоси шартномаи байни Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ва Ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” аз Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оғоз гардида, айни ҳол безараргардонии маводҳои химиявию заҳрхимикатҳои кӯҳнашуда дар кафедраи химияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” амалӣ гардида истодааст.

Мутахассисони соҳа маводҳои безараргардониро тибқи риояи талаботҳои бехатарӣ ҳангоми интиқол ва бандубаст намудани маводҳои химиявӣ онҳо бо либосҳои махсус ва тавассути автомашинаи махсусгардонидашуда ба партовгоҳи заҳрхимикатҳои кӯҳнашудаи ноҳияи Вахш интиқол медиҳанд.

Ташкилоти мазкур тибқи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “ҷо ба ҷо гузории партовҳо” аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Иҷозатнома” инчунин ҷиҳати риояи талаботҳои стандартҳои экологӣ ва иҷтимои Бонки ҷаҳонӣ, нақшаи идорукунии баҳодиҳии экологӣ иҷтимоиро (НИБЭИ) доро мебошад.

Loading

X