Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Ҷамъоварии пахта дар в.Хатлон бо маром идома дорад

Кишоварзони вилоят Хатлон (баҳрагирандагони лоиҳа) соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» дар мавсими кишти пахта се навъи чигити хушсифати тухмии гурӯҳи элитаи Лима, Лазер ва Рамсесро дастрас намуда буданд.

Кишоварзон аз ин дастгириҳои пайваста ҳавасманд гардида, соли ҷорӣ кишти пахтаро дар майдони 2170 гектар (навъҳои Лима, Лазер ва Рамсес) ба роҳ монданд.

Навъҳои дастрасгардида аз хориҷи кишвар ворид гадида, серҳосил ва ба шароити иқлиму тағйирёбии он мутобиқ буда, ба хоҷагиҳои ниёзманд ва тухмипарвар равона гардидааст. Айни ҳол дар вилоят чиниши якум ҷамбаст гардида, чиниши дуюм дастаҷамъона бо маром идома дорад.

Соли ҷорӣ кишоварзон бо риояи агротехникаи парвариш тавонистанд ҳосилнокии пахтаро баланд бардошта, дар чиниши якум аз 17 то 20 с/га ҳосили хуб ба даст биёранд.

Баҳрагирандагони лоиҳа кӯшиш доранд, ки аз ҳавои мусоиди фасли тирамоҳ самаранок истифода намуда, ҳосили дар соҳробударо беталаф ва сари вақт ҷамъоварӣ намоянд ва ҳосилнокии онро то ба 50-55 с/га расонанд.

Loading

X