Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

ТУХМИИ ХУШСИФАТ КАФОЛАТИ СЕРҲОСИЛӢ

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” пеш аз марҳилаи кишти пиёз ва гандум тухмии хушсифати пиёзро ба хоҷагиҳои ниёзманди ҷумҳурӣ сари вақт дастрас намуда, тақсимоти тухмии гандум низ дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.

Айни ҳол кишоварзони в.Хатлон (баҳрагирандагони лоиҳа) аз дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманд гардида, кишти зироати ғалладонаро (гандум) оғоз намуданд. Зеро тухмии хушсифат кафолати серҳосилии зироат буда, кишоварзон дар ҳолати сари вақт риоя намудани агротехникаи парвариш аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.

Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиса ба зиёда аз 7000 хоҷагиҳои хурди ниёзманди ҷумҳурӣ тухмии хушсифати пиёз ва гандумро дастрас намуд.

Loading

X