Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ” БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

«Таърихи башар гувоҳ аст, ки халқҳо миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонанд. Яъне забони ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдории он дониста мешавад».

Ҷашнгирии рӯзи забон яке аз падидаҳои мубораки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад, ки мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

22 июли соли 1989 Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Шурои Олии ҷумҳурӣ ба тавсиб расонида шуд, ки ин рӯз ҳамчун рӯзи забон ҷашн гирифта мешуд.

Қонуни мазкур давоми 20 сол фаъолият намуда, вобаста ба талаботҳои сохти нав ва замони нав он ниёз ба таҳриру такмил дошт ва маҳз тавассути дастгириҳои Сарвари давлат имконияти аз нав таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд.

Чи тавре, ки Сарвари кишвар дар яке аз ҷашнгирии рӯзи забони давлатӣ иброз доштанд: Ҳоло замоне фаро мерасад, ки забони тоҷикӣ ҳачун забони давлатӣ бояд ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеъа ва даврони муосири муносибатҳои ҷамъияти бошад ва тамоми таҳавуллоти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимову фарҳангии ҷомеаро дар худ инъикос намояд, ин санади ҳуқуқӣ, ки замони шуравӣ бо дарназардошти воқеияти сиёсии он давра таҳия шуда буд имрӯз ба ниёзҳои ҷомеаи мо пурра ҷавобгӯ нест ва кайҳост, ки зарурати пешниҳоди лоиҳаи нави он ба миён омадааст.

Дар доираи гуфтаҳои Сарвари давлат гурӯҳи кории коршиносон таъсис ёфта лоиҳаи Қонуни забони давлатӣ аз нав таҳия гардид. Ба ҳамин хотир 5 октябри соли 2009 таҳти рақами 553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз нав таҳия ва қабул карда шуд, ки он аз 7 боб ва 28 модда иборат буда, ҳамчун рамзи муқадасоти давлатӣ дар қатори дигар ҷашну маросимҳо ҳар сол бо тантана қайд карда мешавад.

Истиқлолияти давлатӣ на танҳо ба асолати забони ноби тоҷикӣ мусоидат кард, балки ба рушду такомул, густариш ва боло рафтани мақоми он шароити заруриро фароҳам овард. Махсусан, хидмату саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ беназир аст.

Сардори давлат қариб дар ҳамаи вохӯрию мулоқотҳояшон оид ба покизагии забон, нигаҳдории фарҳанги воло бо дилсӯзӣ ва эҳсоси масъулияти бузург сухан мегӯянд ва дастуру супоришҳои муфид медиҳанд.
Имрӯзҳо дар ҷаҳон 7100 забонҳои гуногун мавҷуд буда, танҳо 100 номгӯи он мақоми давлатиро соҳиб гаштааст.

Агарчи миёни 7100 забонҳои гуногуни дунё забони тоҷикӣ ҷои 23-юмро ишғол кунад ҳам қадру қиммат, мақому манзалати он рӯз аз рӯз афзун мегардад.

Аз ин рӯ ҳар яки моро низ лозим меояд, ки ин муқаддасоти миллиамонро, ки баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ, пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост, соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бонангу ор ва посдори хӯшёри забони модарӣ, забони халқи тамаддунсозу кӯҳнабунёди Тоҷикистони азиз бошем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шумо кормандони гиромиқадр ва дар симои Шумо кулли мардуми шарифи кишварамонро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон сиҳатманиву сарбаландӣ, кору пайкори накӯ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Loading

X