Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Тақсимоти тухмии гандум дар миқёси ҷумҳурӣ бо маром идома дорад

Кишоварзони мамлакат (баҳрагирандагони лоиҳа) соли гузашта бо истифода аз тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ ҳосили баланд ба даст оварда, руҳбаланд гардиданд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” соли ҷорӣ низ тухмиҳои хушсифати дорои сертификатро аз хориҷи кишвар ворид намуда, дар миқёси кишвар тибқи нақша тақсимоти онро ба роҳ мондаистодаанд.

Айни ҳол мутахассисон тақсимоти тухмии пиёзро пурра ба анҷом расонида, тақсимоти тухмии гандуми хушсифат низ барои хоҷагиҳои ниёзманди ҷумҳурӣ бо маром идома дорад.

Навъи тухмиҳои воридгардидаи пиёз Сейҳан, Албени, Хазар ва навъҳои гандум Гром, Алексеевич ва Темирязевка-150 ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ ва серҳосил буда, ба зиёда аз 7000 хоҷагиҳои хурди ниёзманди ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ин иқдом бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хоҷагиҳои тухмипарвар ва ниёзманди кишвар амалӣ гардида, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар равона гардидааст.

Loading

X