Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Корҳои таъмирию бозсозӣ дар Институти зироаткории АИКТ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар таваҷҷӯҳи беандоза зоир намуда, барои шароити хубу мувофиқ фароҳам овардан ба мутахассисони соҳа пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор биноҳои илмию таълимии ниҳодҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру азнавсозӣ менамояд.

Муассиса дар доираи компоненти якуми лоиҳа намои пурраи берунаи бинои Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро дар масоҳати 1325 метри мураббаъ рангубори хушсифат ва се даромадгоҳи онро дар масоҳати 13 метри мураббаъ таъмиру азнавсозӣ намуд.

Бинои муассисаи илмӣ, ки аз замони шӯравӣ ҳамчун Институти зироаткорӣ шинохта шуда, то ин ҷониб фаъолияти пурсамар дорад. Соли ҷорӣ намои берунаи он пурра аз таъмири асосӣ бароварда, панҷараҳои гирду атрофи бино ва тирезаҳо таъмир ва рангубор карда шуд.

Ҳамчунин қубурҳои обпартои болопуши бино, зинапояҳои эҳтиётӣ ва дарҳои даромадгоҳи асосии он аз нав иваз карда шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ барои дар мудати тӯлонӣ хизмат намудани бинои мазкур нозукиҳои корҳои таъмирӣ ба инобат гирифта шудааст.

Loading

X