Хабарҳо 26.09.2024 ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ДАР В.СУҒД БО МАРОМ ИДОМА ДОРАДБо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими кишт Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» ба хоҷагиҳои тухмипарварии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд се навъи чигити хушсифати тухмии гурӯҳи элитаи Лим, Лазер ва Рамсесро дастрас намуда буд.Кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа) аз ин дастгириҳои пайваста ҳавасманд гардида, соли ҷорӣ кишти пахтаро дар майдони 840 гектар (навъҳои Лим 160 га, Лазер 240 га ва Рамсес 440 га) ба роҳ монданд.Навъҳои дастрасгардида аз хориҷи кишвар ворид гадида, серҳосил ва ба шароити иқлиму тағйирёбии он мутобиқ мебошад. Соли ҷорӣ кишоварзон бо риояи агротехникаи парвариш тавонистанд ҳосилнокии пахтаро баланд бардошта, дар чиниши якум аз 20 то 27с/га ҳосили хуб ба даст биёранд.Ҳоло чиниши пахта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маром идома дошта, кишоварзон азм доранд, ки дар ҳолати мусоид омадани боду ҳавои фасли тирамоҳ ҷамъоварии ҳосили пахтаро аз навъҳои зикргардида то ба 40-50 с/га расонанд.