Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

КОРҲОИ ТАЪМИРИЮ БОЗСОЗӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ КИШОВАРЗӢ

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҷиҳати амалисозии лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор биноҳои илмию таълимии ниҳодҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро таъмиру азнавсозӣ менамояд.

Муассиса дар доираи компоненти сеюми лоиҳа намои пурраи берунаи бинои Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро дар масоҳати 1979 метри мураббаъ рангубори хушсифат ва даромадгоҳи онро дар масоҳати 44,71 метри мураббаъ таъмиру азнавсозӣ намуд.

Ҳамчунин болопӯши бинои муассисаи илмӣ, ки солиёни зиёд кӯҳнаву фарсуда гардида буданд дар масоҳати 1164 метри мурабба бо сифати хуб пурра азнавсозӣ карда шудааст.

Толори маҷлисгоҳи муассисаи илмӣ, ки ба таъмири асосӣ (капиталӣ) ниёз дошт онро низ дар масоҳати 97 метри мураббаъ бо тарҳи муосиру замонавӣ бо иваз намудани дару теразаҳо, фарш, шифт (сақф) ва қандилу кондитсионерҳо таъмири намуда, ба истифода дода шуд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ пудратчиён ва коргароне, ки ба кор ҷалб гардидаанд ҳамаи нозукиҳои корҳои сохтмонро ба инобат гирифта, барои дар мудатҳои тулонӣ хизмат намудани бинои мазкур тибқи меъёрҳои талаботи стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ бо сифати баланд таъмир намуда онро мавриди истифода қарор доданд.

Роҳбарияти Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳолу қаноатманд гардида, изҳори сипос намуданд.

Loading

X