Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Тухмии босифат – кафолати серҳосилии зироат

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҳамасола якқатор тухмиҳои хушсифати дорои сетификатро аз хориҷ ба кишвар ворид намуда, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи тухмипарварӣ ба хоҷагиҳои тухмипарвар, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои ниёзманди ҷумҳурӣ дастрас менамояд.

Ҳамчунин иттилоъ медиҳем, ки санаи 16.09.2024 ба миқдори 7,200 тонна тухмии хушсифати пиёз (навъҳои Сейҳан — 1,200 тонна, Албени — 3 тонна ва Хазар — 3 тонна)-ро аз Ҷумҳурии Туркия ворид карда, тибқи нақша ба 1209 хоҷагиҳои хурди ниёзманди ҷумҳурӣ дастрас намуданд.

Ҳамаи тухмиҳои воридгардида дорои сертификат, серҳосил ва ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ буда, барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона карда шудааст.

Loading

X