Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Табрикоти директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” муҳтарам Далер Саторӣ ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли эҳтиром ва садоқатмандии бепоён Шумо ҳамватанони азизро ба муносибати 33 — юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям.

Истиқлолият волотарин ва арзишмандтарин дастоварди миллат, бақои давлат, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлатии тоҷикон мебошад.

Ба шарофати сиёсати хирамандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар даврони соҳибистиқлолӣ имконият пайдо намудем, ки мардуми кишварамонро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Тули ин солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавонист ҷойгоҳи худро қавӣ созад ва беш аз 190 давлати дунё мустақилияти Тоҷикистонро бипазирад.

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат ҷашни муқаддас буда, ҳифз ва устувории пояҳои он вазифаи нахустини ҳар як шахси баору номуси кишвар мебошад.

Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ дар давлати озоду мустақили хеш дошта бошад.

Халқи бошарафу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлоли давлат дар раванди барқарорсозӣ ва ташакули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ анҷом дода, ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди неругоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт. Дар натиҷа, имрӯз бисёр мушкилоти мо ҳаллу фасл гардида, мардуми заҳматқаринамон барои ҳалли вазифаҳои боз ҳам бузурги ободгарона камари ҳиммат бастаанд.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ, таърихи пурифтихори миллат ва ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунпарварамон моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида имрӯзҳо бо дили софу нияти нек баҳри боз ҳам гул — гул шукуфии ин диёри биҳиштосо камари ҳимат бубандем.

Мо ба ояндаи дурахшони Ватани худ – Тоҷикистони азиз боварӣ дорем ва тамоми талошу кӯшишҳоямонро ба харҷ медиҳем, ки Истиқлол ба мисли як дарахти пурбор ва ҳамешасабз то абад ҷовидону пойдор боқӣ бимонад.

Бори дигар бузургдошти солгарди соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, бахту саодат ва дар фаъолияти ҳамарӯзаатон барору комёбиҳои беназирро орзумандам.

Loading

X