Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email
Баргузории ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”

Санаи 03.09.2024 дар толори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” баргузор гардид.

Дар кори чаласа Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (раиси кумитаи роҳбарикунанда), аъзоён Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинон ва намояндагон аз вазорати кишоварзӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, ширкати СОФРЕКО/Барс Консалтинг, Рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, Ташкилоти кишоварзӣ ва озуқаи СММ (ФАО), зерсохтоҳои Вазорати кишоварзӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор иштирок намуданд.

Сараввал Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ҲакимзодаҚурбон ҷаласаро оғоз намуда, чунин иброз дошт: Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, солҳои охир бо дарназардошти таҳаввулотҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби бештари сармоя ба соҳаи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, бахусус соҳаи кишоварзӣ диққати бештар равона гардида истодааст. Ин моро водор месозад, ки барои ҷалби бештари сармоя бо шарикони рушд ҳамкориҳоро дар сатҳи шоиста ба роҳ монем.

Бо ҷалби сармоя дастрасӣ ба техникаҳои наву мошинолотҳои муосири кишоварзӣ, тухмиҳои босифати сертификатшудаи зироатҳои кишоварзӣ ва таъмиру таҷҳизонидани биною озмоишгоҳҳои муассисаҳои илмию таълимӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ махсусан дар самти тухмипарварӣ мусоидат намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ қадамҳои устувор мегузорад. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар тӯли фаъолияти худ ҷиҳати дастгирии хоҷагиҳои тухмипарвар, хоҷагиҳои ниёзманд, муассисаҳои илмию таълимии кишоварзӣ, таҳкими қонунҳои марбут ба соҳа саҳми беназири худро гузошта истодааст, ки ин барои истеҳсоли фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ ва бо ҷои кор таъмин гардидани аҳолии кишовар мусоидат менамояд.

Сипас Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи роҳбарикунандаи Лоиҳа, муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ҷаласаро идома дода, қайд намуд: Қобили зикр аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеаи кишвар пайваста вазифагузорӣ менамоянд, ки масъалаи истифодаи маблағҳои сармоягузорӣ бояд дар сатҳу сифати баланд ва ба нафъи аҳолии деҳот роҳандозӣ карда шаванд. Ин аз як ҷониб имконият фароҳам меорад, ки инфрасохтори кишоварзии минтақаҳои ҷумҳурӣ рушд ёбад ва аз ҷониби дигар барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.

Лозим ба ёдоварист, ки лоиҳаи “Баланд бардоштони устувории кишоварзӣ” саҳми он дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар назаррас аст.

Лоиҳа мазкур, барои расидан ба яке аз ҳадафи стратегии пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар рафти ҷаласа тибқи барнома Директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, Далер Саторӣ, Муовини директор/ Ҳамоҳангсози лоиҳа Қурбонов Боймурод, намояндагони ширкати Барс Консалтинг Вазиров Ҷамшед, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони милали муттаҳид (ФАО) Агасӣ Аратюниян, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Бандаев аз рафти корҳои иҷрогардида ва фаъолияти минбаъдаи соҳа ба ҳозирин ҳисоботҳои муфассал пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа қарор қабул гардида, ҷиҳати иҷрои нақшаи корӣ ба масъулин дастуру супоришҳо мушаххас дода шуд.

Loading

X