Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Мониторинги нашъунамои картошкаи тухмӣ дар хоҷагиҳои тухмипарварии в.Суғд

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз санаи 16 то 20.07.2024 аз рафти корҳои саҳроӣ ва ҳолати воқеии парвариши картошкаи тухмӣ, аз хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва деҳқонии ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштич, Истаравшан ва Исфара дидан намуданд.

Кишоварзон (баҳрагирандагон) соли гузашта пас аз кишти тухмиҳои хушсифат ва риояи агротехникаи парвариш аз майдонҳои картошказор ҳосили баланд ба даст оварда, ҳавасманд гардиданд.

Соли ҷорӣ низ онҳо аз обу ҳавои мусоид сари вақт ва самаранок истифода намуда, кишти зироатҳои кишоварзӣ махсусан картошкаи тухмии гурӯҳи элитаи навъҳои Пикассо, Эволушен ва Аризонаро дар муҳлатҳои муайянгардида иҷро намуданд, ки айни ҳол дар ҳар минтақа нашъунамои зироати картошка бениҳоят хуб мебошад.

Мутахассисони муассиса дар якҷоягӣ бо роҳбарони хоҷагиҳо аз хоҷагиҳои тухмипарварӣ, кооперавии истеҳсолӣ ва деҳқонии “Фарҳод”, “Абдураҳимбек”, “Равшан”-и ноҳияи Шаҳристон “Муҳамадалиев Алиҷон”, Ҷобирҷон”, “Саъдуллобобо”, “Субҳонзода” “Овчии Ғончӣ”, “Хӯҷаҳо”, “Ҳотам Қурбонов” “Ғазантарак” ва “Маркази картошака-и ноҳияи Деваштич, “Ободонӣ”-и Истарафшан ва Х/д “Чоркӯҳ”-и Исфара дидан намуда, ба парваришу нашъуномои картошаки тухмии гурӯҳи элитаи навъҳои Пикассо, Эволушен ва Аризона баҳои баланд доданд.

Айни ҳол дар майдонҳои картошказор ҷораҳои муҳофизатӣ бар зидди ҳашаротҳои зараррасон, коркарди байни қаторҳо: ғизодиҳӣ, шодобгардонӣ, нармкунӣ ва аз алафҳои бегона тоза намудани онҳо тибқи риояи агротехникаи парвариш бо маром идома дорад. Кишоварзон аз нашъунамои хуби зироатҳо қаноатманд буда, ҳама саргарми корҳои саҳроӣ мебошанд.

Мутахасисони муассиса барои бозҳам баланд бардоштани ҳосилнокии картошкаи тухмӣ сари вақт ва беталаф ҷамъоварии он ба кишоварзон тавсияҳои судманди илмӣ пешниҳод намуданд.
Қобили зикр аст, ки аз санаи 18 то 20.07.2024 дар минтақаҳои картошкапарвари вилояти Суғд семинари ҷумҳуриявӣ оид ба «Технологияи парвариши картошка дар минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон» баргузор карда шуд.

Дар доираи баргузории чорабинии мазкур мутахассисон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, дар қатори дигар хоҷагиҳо аз қитъаҳои намоишӣ, хоҷагиҳои деҳқониву кооперативӣ ва таҷрибаҳои пешқадами баҳрагирандагони лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан ва Деваштич аз наздик шинос шуданд.

Loading

X