Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Риояи талаботҳои бехатарӣ дар муассисаҳои илмии АИКТ

Дар асоси шартномаи байни Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ва Ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” дар доираи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҳафтаи ҷорӣ тибқи талаботҳои бехатарӣ маводҳои химиявию заҳрхимикатҳои кӯҳнашудаи муҳлати истифодаашон гузаштаро мутахассисон аз Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ басту банд намуда, тавассути автомашинаи махсусгардонидашуда ба партовгоҳи махсуси заҳрхимикатҳои кӯҳнашудаи ноҳияи Вахш интиқол карда шуд.

Ҳамзамон барои гузаронидани ташхисҳои хоку растанӣ дар озмоишгоҳои муассисаҳои илмӣ маводҳои тозаистеҳсолшудаи кимиёвӣ заруранд, ҷунки асоси баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ин нишондодҳои муайяну дақиқи ташхис барои мутахассисону хоҷагидорон ба ҳисоб меравад.

Loading

X