Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Ҳосилнокии зироатҳо давра ба давра зиёд мегарданд

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кишоварзон иброз доштанд: “Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем”.

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо баҳрагирандагони лоиҳа пайваста ҳолати воқеии зироатҳои кишоварзиро дар миқёси ҷумҳурӣ зери назорат гирифта, барои парваришу нашъунамои онҳо ҳамеша чораҷўи менамоянд.

Соли ҷорӣ кишоварзони вилояти Суғду Хатлон (баҳрагирандагони лоиҳа) ҳар ваҷаб заминҳои зархези худро самаранок истифода намуда, тибқи нақша дар майдони 3123 гектар (вилояти Суғд 800 га ва Хатлон 2323 га) кишти тухмии чигити гурӯҳи элитаи навъҳои Лазер, Лима ва Рамсесро ба роҳ монда буданд. Айни ҳол дар ҳар ниҳол аз 2 то 5 кӯрак ба назар расида, нашъунамои майдонҳои пахтазор хело хуб ва корҳои агротехникӣ дар он давра ба давра бо маром идома доранд.

Кишоварзон азм доранд, ки бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва риояи агротехникаи парвариш чун соли гузашта ҳосилнокии ниҳолҳои пахтаро бо маротиб афзуда, ҳосили баланду дилхоҳ ба даст биёранд.

Loading

X