Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Мониторинги корҳои саҳроӣ дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш

Рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тӯли ду сол мешавад, ки барои хоҷагиҳои тухмипарвар ва осебпазир тухмиҳои гуногуни гурӯҳи элитаи зироатҳои кишоварзиро дастрас менамояд. Кишоварзон (баҳрагирандагон) соли гузашта пас аз кишти тухмиҳои хушсифат бо риояи агротехникаи парвариш ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, ҳавасманд гардиданд.

Дар соли ҷорӣ низ онҳо сари вақт аз обу ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, кишти зироатҳои кишоварзӣ махсусан картошкаи тухмиро дар муҳлатҳои муайянгардида ба роҳ монданд.

Мутахассисони муассиса дар рӯзҳои дуюм ва сеюми сафари корӣ аз зироатҳои дар саҳробуда махсусан картошкаи тухмии гурӯҳи элитаи навъҳои Эволушен ва Аризонаи хоҷагиҳои деҳқонии “Сари най” ва “Фирдавс”-и ноҳияи Тоҷикобод, Х/д “Миршодии Арзангӣ, “Қанд”, “Сарчашма”, “Бустон” ва “Гандумак”и ноҳияи Лахш дидан намуда, ба нашънамои он баҳои баланд доданд. Айни ҳол корҳои агротехникӣ дар саҳро бо маром идома дошта, ҳосилнокии ҳамагуна зироатҳо хуб мебошад.

Loading

X