Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Мониторинги нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар ШНТҶ

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” санаи 03.07.2024 дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз рафти корҳои саҳроӣ ва ҳолати кунунии зироатҳои дар саҳро буда махсусан картошка, пиёз, помидор ва дигар зироатҳо аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тухмипарварии ноҳияҳои Файзобод ва Нуробод дидан намуданд.

Чун солҳои қаблӣ соли ҷорӣ низ кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа), ки аз ҳисоби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тухмии гурӯҳи элита гирифта буданд, аз мусоид омадани обу ҳавои имсола бо истифода аз тухмиҳои хушсифат сари вақт кишти зироатҳои кишоварзиро тибқи агротехникаи парвариш ба анҷом расонидаанд.

Айни ҳол ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо (гандум) дар арафаи анҷомёбӣ буда, дигар зироатҳои саҳроӣ бошад коркарди байни қаторҳо ва ҷораҳои муҳофизатӣ бар зидди ҳашаротҳои зараррасон, ғизодиҳӣ, шодобгардонӣ, нармкунӣ ва аз алафҳои бегона тоза намудани зироатҳо тибқи риояи агротехникаи парвариш ба роҳ монда шудааст. Кишоварзон аз нашъунамои хуби зироатҳо қаноатманд буда, ҳама саргарми корҳои саҳроӣ мебошанд.

Мутахассисони муассиса сараввал аз хоҷагиҳои тухмипарварии КВД тухмипарварии ба номи А.Назиров, Х/д Замираи ноҳияи Файзобод, К/т “Нури Нуробод”, Х/д “Ҳоҷиабдулбақо”-и ноҳияи Нуробод дидан намуда, ба парваришу нашъуномои зироатҳо махсусан картошаки тухмии навъҳои Эволушен ва Аризона баҳои баланд доданд. Ҳамчунин барои бозҳам баланд бардоштани ҳосилнокии ҳамагуна зироатҳои дар саҳробуда ба кишоварзон тавсияҳои судманди илмӣ пешниҳод намуданд.

Loading

X