Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Боздиди Миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз рафти татбиқи лоиҳа

Дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” рӯзҳои 25 ва 26 уми июни соли ҷорӣ ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ бо иштироки намояндагони Бонки ҷаҳонӣ: муҳтарам Хазем Иброҳим Ҳамбал -роҳбари гурӯҳи корӣ, Узоқов Баҳром -мутахассиси бахши иттилооти техникӣ, Махкамов Маъруфқул -сармутахассиси бахши кишоварзӣ, Миҳинӣ Как -сармутахассиси бахши тандурустӣ, роҳбарият ва мутасаддиёни Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, намояндагони Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони миллали мутаҳид (ФАО) ва ширкати машваратии маҳаллии “Барс Консалтинг” дар дафтари кории Бонки умумиҷаҳонӣ дар ш.Душанбе ҷиҳати натиҷагирӣ аз рафти татбиқи лоиҳа мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.

Дар рафти мулоқот иҷроиши корҳои тадқиқотию лоиҳакашии марказҳои агрологистикӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе, маркази рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ва таъсис додани фонди миллии гардиши примексҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, мутахассисони соҳа ҷиҳати корҳои иҷрогардида тавассути рунамо (презентатсия) ҳисоботи муафассалро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Дар фарҷоми мулоқот масъулин барои бомуваффақият ва самаранок амалӣ намудани лоиҳаи мазкур машваратҳои судманро пешниҳод намуданд.

Loading

X