Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Табрикоти директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имрӯз барои мо, ки Истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва боиси ифтихор аст. Ин неъмати арзишманд маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, он мавриди таваҷҷӯҳи оламиён қарор гирифтааст.

Ин санади муқаддасу тақдирсоз чун чароғи фурӯзони роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар карда, ҳар фарди ин ватани биҳиштосоро вазифадор менамояд, ки ин неъмати бузургро ҳамеша мисли гавҳараки ҷашм дӯст ва ҳифз намоянд.

Миллати шарафманди бонангу номус ва сарбаланди Тоҷикистони азиз бо тамоми ҳастии бепоён дарк менамоянд, ки ваҳдат, сулҳу субот тинҷиву оромии кишвар муқаддастарину азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, кафолати ҳаёти шоистаи ҳамарӯза инсоният мебошад.

Бигзор осмони Тоҷикистони азиз таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софу беғубор, дар сарзамини куҳанбунёдамон сулҳу ваҳдат, субботу оромӣ, якдигарфаҳмӣ, файзу баракат ва хушбахтиву осудаҳолӣ то абад поянда бошад.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи Шумо ҳамватанони азизро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирӯзӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон суботу оромии ҷовидонаро таманно менамоям.

Loading

X