Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Соҳаи ниҳолпарварӣ давра ба давра рушд меёбад

Семинари омӯзишӣ, ки 14.062024 баргузор гардид, ҳамаи иштирокчиён аз қитъаҳои таҷрибавии Филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ дар вилояти Суғд ва Корхонаи давлатии фаръии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуда, ба кори олимону мутахассисони соҳа баҳои баланд доданд.

Сипас олимону мутахассисони соҳа ба иштирокчиёни семинар ҷиҳати татбиқи илм дар амал нозукиҳои парвариши соҳаи ниҳолпарвариро дар қитъаҳои ниҳолпарварӣ нишон дода, аз боғҳои интенсивии зардолу, шафтолу 26 коллексияҳои навҳои себ дидан намудан. Боғҳои интенсивии зардолуи шафтолу ва себ соли 2015 — 2018 дар масоҳати 11 га дар майдони таҷрибавии Филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ бунёд гардида, серҳосил, ба шароити тағйирёбии иқлим мутобиқ ва дар ҳолати пухтарасии қисме аз меваҷот қарор дорад.

Дар Корхонаи давлатии фаръии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 330 ҳазор навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳада ва ороишӣ аз қабили зардолу, олу, гелос, себ, нок, шафтолу ангур, павлония арча ва ғайраҳо парвариш ёфта, нашъунамои хуб доранд.

Дар фарҷоми семинари саҳроӣ миёни иштирокчиёни ҳамоиш озмун таҳти унвони “Боғпарвари беҳтарин” аз рӯи се номинатсия эълон гардида, пас аз ҷамбасти озмун ғолибон аз ҷониби Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони миллали мутаҳид (ФАО) бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд

Loading

X