Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Бо технологияи инноватсионӣ бунёди боғҳои интенсивӣ барои рушди соҳаи ниҳолпарварӣ

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони миллали мутаҳид (ФАО) ҷиҳати амалисозии зеркомпоненти 1.1-и лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” санаи 13 июни соли ҷорӣ дар вилояти Суғд семинари илмии омӯзишӣ таҳти унвонӣ “Бунёди боғҳои интенсивӣ бо технологияи инноватсионӣ”-ро баргузор намуд.

Дар семинари мазкур зиёда аз 35 нафар намояндагон аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии амнияти озуқаворӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони миллали мутаҳид (ФАО), филиалҳои Институти хокшиносӣ ва агрохимия, Институти боғутокпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ дар вилояти Суғд ва КВДҶХН “Тоҷикниҳолпарвар”-и вазорат бо масулини 13 ниҳодҳои хоҷагиҳои ниҳолпарвар иштироки фаъолона доштанд.

Сараввал директори Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони миллали мутаҳид (ФАО) Олег Гуҷгелдиев семинари илмии омӯзиширо оғоз намуда, иштирокчиёнро ба ин ҳамоиши илмӣ хайрамақдам намуд ва иброз дошт, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои рушди он масъулин пайваста кӯшишу талош менамояд.

Сипас ҳамоҳангсози компаненти 1-и МД “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” Сафаров Шералӣ роҷеъ ба дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карда, қайд намуд: дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои мустаҳкам намудани баззаи моддиву техникӣ ва рушди соҳаи ниҳолпарварӣ якқатор техника ва мошинолоти кишоварзӣ аз кабилӣ торактори сечарха 1 адад, трактори МТЗ-82-1 10 адад, присеп (ядак) 10 адад, плуг 23 адад, мини трактор 13 адад, ядакҳои хурд 13 адад ва фрезе 13 адад ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ “Тоҷикниҳолпарвар”-и вазорат дастрас карда шуд.

Имрӯзҳо муассиса тасмим гирифтааст, ки баҳри амалӣ намудани лоиҳаи мазкур дар якҷоягӣ бо олимону мутахассисони соҳа такпайванди ниҳолҳои серҳосили интенсивии ба шароити тағйирёбии иқлим мутобиқро зиёд намуда, барои бунёди боғҳои интенсивӣ дар ҷумҳурӣ заминаи устувор фароҳам биёварад.

Дар рафти семинари илмӣ оид ба бо усулҳои муоссир зиёд намудани тагпайвандҳо, бунёди боғҳои модарӣ, истифода самараноки заминҳо, зиёд намудани ниҳолҳои серҳосили ба шароити тағйирёбии иқлим мутобиқ, бо тарзи муоссир таъсис додани боғу токзорҳо дар талу тепаҳои бо наъмӣ таъмин, муаян намудани арзиши аслии маҳсулот дар боғҳои интенсивӣ ва эксинтенсивӣ, риояи доимии агротехникаи парвариш ва ҷораҳои муҳофизатӣ миёни онҳо олимону мутахассисони соҳа тавассути рӯнамо (презентатсия) маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар интиҳои ҳамоиши илмӣ миёни олимону мутахассисони соҳа саволу ҷавобҳои зиёд сурат гирифт.

Loading

X