Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Рафти иҷрои корҳои сохтмону таъмирӣ дар вилояти Суғд

Санаи 12 июни соли ҷорӣ мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” аз рафти иҷрои корҳои таъмирӣ дар биноҳои муассисаҳои илмию тадқиқотии филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (биноҳои пойгоҳи таҷрибавии шаҳри Панҷакент ва пойгоҳи таҷрибавии ноҳияи Шаҳристони в.Суғд) ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ даркиварзӣ» доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” таъмир гардида истодаанд, дидан намуданд.

Дар рафти азназаргузаронӣ мутахассисони масоили иҷтимоӣ бо коргароне, ки ба корҳои таъмирию тармимии биноҳои пойгоҳ ҷалб гардидаанд, оид ба ҳолатҳои бехатарӣ, риояи меъёрҳои талаботи сохтмонии лоиҳаҳо, иҷрои талаботҳои стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷоҳонӣ, инчунин бо сифати баланду саривақт ба анҷом расонидани корҳои ба нақшагирифташуда мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.

Loading

X