Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Дастрасии кишоварзон ба техника ва мошинолоти муосири кишоварзӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар соҳаҳо ҳамеша ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ кӯшишу талош намуда, барои таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ пайваста кишоварзонро дастгирӣ намуда, иқдомҳои некеро роҳандозӣ менамояд.

Соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» марҳаллаи 4- уми тақсимоти техника мошинолоти кишоварзиро (тракторҳои хурд 50 адад, мотоблок 550 адад бо иловаи таҷҳизотҳои хурди ёрирасон, шолишинонак 45 адад, ядакҳои хурд 50 адад, испори дуқабата 50 адад, чизел 45 адад, фрейзер 45 адад, картошкаканак 45 адад, картошкашинонак 45 адад, таҷҳизотҳо барои заҳрдорупошӣ 45 адад ва таҷҳизот барои пошидани тухмӣ ва нуриҳои минералӣ 45 адад) ба хоҷагиҳои ниёзманди вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ШНТҶ баргузор намуд.

Ҳадаф аз тақсимоти чунин техникаҳои муосир пеш аз ҳама осон намудани кори барзгарон, беҳтар намудани дастрасии ҷомеа ба инфрасохтори истеҳсолии хизматрасонӣ, мустаҳакам намудани базаи модию техникии хоҷагиҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар ин замина мусоидат намудан дар рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Loading

X