Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Табрикоти Директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” муҳтарам Далер Саторӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”

Вақте сухан дар бораи ҷавонон меравад, бевосита гуфтаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меоянд: “Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо, имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саъю талош намуда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои беназир ноил гардидаанд”.

Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70% аҳолиро шахсони то 30 сола) дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш борҳо иброз намуданд, “Мо бояд тамоми шароитҳоро барои ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муҳайё гардонем онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем”.
Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату миллатанд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ҷомеа ҳастан мамлакатро бе ҷавонони босаводу соҳибмаърифат ва лаёқатманд тасаввур кардан ғайри имкон аст.

Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ дар мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд. Ҷоизаҳо намоёнро соҳиб гашта, обрӯ ва нуфузи Ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилал баланд бардоштанд.

Пешвои муаззами миллат ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд. ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Ҳамчунин ба иқтидор ва малакаи касбии онҳо боварии комил доранд.

Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо фаъолияти пурсамар дошта, барои рушд ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми сазовор мегузоранд.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш Шумо ҳамкорони азиз ва дар симои Шумо кулли ҷавонони кишвари азизро бо ифтихори 23 – май “Рӯзи ҷавонон” самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирӯзӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон суботу оромии ҷовидонаро таманно менамоям.

Loading

X