Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Марҳилаи навбатии тақсимоти техникаҳои кишоварзӣ

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» марҳилаи 4- уми тақсимоти техника мошинолоти кишоварзиро (тракторҳои хурд, мотоблок, шолишинонак, ядакҳои хурд, испори дуқабата, чизел, фрейзер, картошкаканак, картошкашинонак ва таҷҳизотҳо барои дорупошӣ) ба хоҷагиҳои ниёзманди вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ШНТҶ баргузор намуда истодааст.

Ҳадаф аз тақсимоти чунин техникаҳои муосир пеш аз ҳама осон намудани кори кишоварзон, беҳтар намудани дастрасии ҷомеа ба инфрасохтори истеҳсолии хизматрасонӣ, мустаҳакам намудани базаи модию техникии хоҷагиҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар ин замина мусоидат намудан дар рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Loading

X