Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Дастрасии техникаву мошинолотҳо ба МД “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” санаи 3-май-и соли ҷорӣ бо иштироки мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” маросими супоридани техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ ба Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” баргузор гардид.

Ҳамзамон дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои мустаҳакам намудани баззаи модиву техникӣ, мубориза бар зидди паҳншавӣ ва нобудсозии малах ба муассисаи мазкур 6 адад трактори тамғаи МТЗ-82.1, 6 адад мошини сабукрави тамғаи “Тайота Хайлукс, 6 адад мошинолотҳои калонҳаҷми дорупошии “AGROS” ба трактор насбшаванда, 6 адад мошинолотҳои калонҳаҷми дорупошии ба мошин насбшаванда, 300 адад дорупошаки хурди моторӣ, 300 адад дорупошаки хурди барқӣ (акумуляторӣ) ва 830 адад сару либоси муҳофизавии кормандонро харидорӣ намуда, дастраси ба МД “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” намуд.

Қобили зикр аст, ки муассиса соли 2023 низ дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ин иқдомро амалӣ намуда буд.

Loading

X