Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Таҳлилу таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ

Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони миллали мутаҳид ФАО санаи 2 майи соли ҷорӣ дар толори меҳмонхонаи Hilton оид ба “Таҳлилу таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар олимону мутахассисон аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои самти тухмипарварии он, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Кумитаи амнияти озуқаворӣ ва бехатарии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони миллали мутаҳид ФАО ва дигар ташкилоту мақомотҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ аз 8 боб ва 36 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқии фаъолият оид ба истеҳсол ё такрористеҳсолкунӣ, коркард, сертификатсия, фурӯши тухмӣ, ниҳолу растаниҳо инчунин ташкилу бақайдгирии навъҳо ва назорати тухмиро муқарар мекунад.

Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабинӣ олимону мутахассисони соҳаи тухмипарварӣ қонуни мазкурро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, фикру мулоҳизаҳои худро барои рушди ҳамешагии соҳаи тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилотҳои мубрами имрўзаи соҳа пешниҳод менамоянд.

Пас аз ҷамбасти фикру мулоҳизаҳои олимону мутахассисони соҳа қонуни мазкур барои тағйиру иловаҳо ворид намудан ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.

Loading

X