Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Корҳои саҳроӣ дар вилояти Хатлон бо маром идома доранд

Имрӯз санаи 23.04.2024 мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз рафти корҳои саҳроӣ ва ҳолати воқеии анборҳои захиранамоии тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, ва хоҷагиҳои тухмипарварии вилояти Хатлон, ки баҳрагирандагони лоиҳа ҳастанд дидан намуданд.

Кишоварзони вилоят аз боду ҳавои мусоиди фасли баҳор самаранок истифода намуда, кишти тухмии чигити гурӯҳи элитаи навъҳои “Лима”, “Лазер” ва “Рамсес”- ро дар рӯзҳои наздик ба 2341 гектар мерасонанд. Айни ҳол кисмати зиёди майдонҳои пахтазор пурра дар ҳолати дубарга қарор дошта, нашъунамои хуб доранд. Кишоварзон бо риояи корҳои агротехникӣ коркарди байни қаторҳои пахтаро оғоз намуда, қисмати дигари майдонҳоро шодоб мегардонад.

Тирамоҳи соли гузашта кишоварзони вилояти Хатлон (баҳрагирандагони лоиҳа) дар майдони 1128 гектар 248 тонна тухмии хушсифати гандуми гурӯҳи элитаи навъҳои “Тимирязовка -150”, “Аликсеич” ва “Гром”-ро кишт намуда буданд. Айни ҳол пас аз ба анҷом расонидани корҳои агротехникӣ ва ғизодиҳии онҳо нашъунамояшон хуб аст.

Ҳамзамон дар рафти корҳои саҳроӣ мутахассисон ҷиҳати риояи талаботҳои иҷтимоиву экологии лоиҳа оид ба шароити меҳнатии кормандон, риояи корҳои агротехникӣ, тарзи дурусти захира намудани тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо дар анборҳо ва бехатарии истифодабарии онҳо бо ҳашт роҳбарону кишоварзони хоҷагиҳои бонуфузи (Кооперативии тиҷоратии хоҷагии тухмипарварии “Кулоб”-и н Вахш, Хоҷагии кооперативии истеҳсолии “Авесто”, “Нуфузи Вахш”, хоҷагии тухмипарварии “Эргаш Султон”, хоҷагии тухмипарварии “Фаррух”, хоҷагии тухмипарварии “Юсуфбек”, хоҷагии тухмипарварии “Шоҳзамонбобо” ва хоҷагии тухмипарварии “Абдураҳмон”), шаҳру ноҳияҳои Вахш, Дӯстӣ, Қубодиён ва Шаҳритус мулоқоти корӣ анҷом дода, ҷиҳати истифодаи дурусти захираи маҳсулотҳо ба ҳар яки онҳо тавсиянома дартрас карда шуд.

Loading

X