Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Мониторинги зироатҳои кишоварзӣ дар вилояти Суғд

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҳафтаи гузашта мониторинги зироатҳои кишоварзӣ аз қабили гандум, ҷуворимакка, картошка ва дигар растаниҳоро дар вилояти Суғд баргузор намуданд.

Тирамоҳи соли гузашта кишоварзони вилояти Суғд (баҳрагирандагони лоиҳа) дар майдони 720 гектар тухмии хушсифати гандуми гурӯҳи элитаи навъҳои “Тимирязовка -150”, “Аликсеич” ва “Гром”-ро кишт намуда буданд. Айни ҳол пас аз ба анҷом расонидани ғизодиҳӣ корҳои агротехникӣ дар он бо маром идома дошта, нашъунамои зироатҳо низ хуб аст.

Ба хоҷагихои тухмипарварии в.Суғд тухмии чигити гурӯҳи элитаи навъҳои “Лима”, “Лазер” ва “Рамсес”, ки аз тарафи лоиҳа сари вақт дастрас гардида буд, кишоварзон кишти онро ба роҳ монда, азм доранд, ки аз боду ҳавои мусоиди фасли баҳор самаранок истифода намуда, дар мӯҳлатҳои муайянгардида, майдони кишти онро ба 800 гектар расонанд.

Ҳамзамон мутахассисон дар самти риояи талаботҳои иҷтимоиву экологии лоиҳа: мониторинги нигоҳдории нуриҳои минералӣ, риояи бехатарии нигоҳдории нуриҳо ва заҳрхимикатҳо дар амборҳо, шароити меҳнат, мониторинги меҳнатӣ ва ғайраҳо пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат медиҳанд.

Loading

X