Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Барномаи табибони хок амалӣ мешавад

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони миллали мутаҳид (ФАО) санаи 17 апрели соли ҷорӣ дар толори меҳмонхонаи “HILTON”-и шаҳри Душанбе, дар доираи зеркомпоненти 3.2-и лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” семинари омўзишӣ оид ба “Татбиқи барномаи глабалии табибони хок” – ро баргузор намуд.

Дар кори семинар 24 нафар мутахасисони соҳаи хокшиносӣ ва агрохимия аз Вазорати кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони миллали мутаҳид (ФАО) иштирок намуданд.

Иштирокчиёни семинари мазкур нозукиҳои соҳаи хокшиносӣ ва идоракунии ҳосилхезии хокро бо усулҳои муоссир дар шароити озмоишгоҳӣ ва саҳроӣ хуб омўхта, мехоҳанд дар муҳлатҳои муаянгардида нозукиҳои ин соҳаро ба хоҷагидорон дар миқёси ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани њосилхезии хок, беҳгардонидани ҳолати мелиоративии замин ва ба даст овардони ҳосили дилхоҳ мавриди омўзишу таҳлил қарор диҳанд.

Loading

X