Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Тухмии босифат – кафолати серҳосилии зироатҳо

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор тухмиҳои хушсифати дорои сетификатро аз хориҷ ба кишвар ворид намуда, барои серҳосил гардонидани зироатҳои кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи тухмипарварӣ ба хоҷагиҳои тухмипарвар, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои ниёзманд тақсимот намуд.

Санаи 05.04.2024 барои боз ҳам беҳтар гардонидани соҳаи тухмипарварӣ муассиса ба миқдори 500 тонна тухмиҳои хушсифати картошка (навъҳои Эволюшен — 250 тонна, Пикассо — 100 тонна, Аризона 150 тонна) ва пунбадонаи пахта ба миқдорӣ 100 тонна (навъҳои Лазер 30 тонна Пима 30 тонна ва Рамсес 40 тонна) аз хориҷи кишвар ворид карда, тибқи нақша ба 106 хоҷагиҳои тухмипарвар, секторҳои хусусӣ ва муассисаҳои илмии кишоварзӣ дастрас намуд.

Ҳамаи тухмиҳои воридгардидаи зироатҳои кишоварзӣ гурӯҳи элита буда, дорои сертификат, серҳосил ва ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ мебошанд.

Мақсад аз тақсимоти тухмиҳои гуногуни кишоварзӣ ин ба роҳ мондани рушди устувории соҳаи тухмипарварӣ мебошад.

Loading

X