Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Рафти корҳои саҳроӣ дар вилояти Суғд

Имсол кишоварзони (баҳрагирандагони лоиҳа) вилояти Суғд аз дастгириҳои Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” қаноатманд буда, кӯшиш менамоянд, ки бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ҳосили баланд ба даст биёранд.

Хоҷагидорони вилоят аз ҳавои мусоиди фасли тирамоҳи соли гузашта самаранок истифода намуда, саривақт тухмиҳои хушсифати навъҳои гандуми гурӯҳи элитаи “Аликсеич”, “Темирязевка-150” ва “Гром”-ро аз муассиса дастрас намуда, дар майдони 720 гектар кишт намуда буданд.

Соли ҷорӣ бинобар мусоид омадани боду ҳавои фасли баҳор нашъунамои ҳама гуна зироатҳои киштгардида махсусан ғалладонагиҳо (гандум) хуб буда, дар он корҳои агротехникӣ бо маром идома дорад. Хоҷагидорон ғизодиҳии якумро дар майдонҳои ғаллазор ба итмом расонида, барои пешгирӣ аз ҳар гуна касалиҳои замбуруғиву ҳашаротҳои зараррасон корҳои муҳофизавиро оғоз намуданд.

Айни замон қисме аз хоҷагидорон барои тоза намудани майдонҳои гандумзор аз алафҳои бегона тавассути гербидсидҳои гуногун коркарди заминҳоро баргузор намуда, қисми дигар бо кандани ҷуйбору гирди замин машғул мебошад.

Дар рафти мониторингҳо мушоҳида гардид, ки ҳолати нашъунамои зироатҳо махсусан гандум дар хоҷагиҳои тухмипарвар хело хуб буда, аз фаровонҳосили дарак медиҳад. Мутахассисон дар вохӯрӣ барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин тавсияҳои судманди илман асоснокро ба роҳбарони хоҷагиҳо пешниҳод намуданд.

Loading

X