Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Тухмии хушсифат омили серҳосилӣ мебошад

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҳамкориҳоро бо хоҷагиҳои деҳқонӣ, тухмипарвар ва дигар ташкилоту муассисиаҳои кишоварзӣ хуб ба роҳ монда, барои рушди соҳа пайваста чораандешӣ менамояд.

Кишоварзони (баҳрагирандагони лоиҳа) вилояти Хатлон дар қатори дигар тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ се навъи тухмии гандуми гурӯҳи элитаи навъҳои “Гром”, “Аликсеич” ва “Темирязевка-150”-ро аз муассиса дастрас намуда, тирамоҳи соли гузашта дар майдони 1128 га кишт намуданд.

Тухмиҳои киштгардида дар натиҷаи боронҳои фасли баҳор нашъунамои хуб дошта, қисме аз кишоварзон майдонҳои гандумро аз алафҳои бегона тоза менамоянд.

Кишоварзон озуқаи якумро (нурии минералии фосфорӣ) аксаран пеш аз кишт ва ё ҳангоми кишт бо меъёри 150-170 кг/га ба майдони кишт ворид намуданд.

Айни замон хоҷагидорон озуқаи дуюмро, дода истодаанд, ки ба ҳар як гектар 200-220 кг нурии нитрогенӣ рост меоянд.

Ҳангоми мониторингҳо мушоҳида карда шуд, ки ҳолати нашъунамои гандум дар хоҷагиҳои тухмипарвар хело хуб ба назар мерасанд. Ба роҳбарони хоҷагиҳо тавсия дода шуд, ки дар муҳлати муайянгардида майдони киштро бо оби полезӣ таъмин намоянд ва барои нест намудани алафҳои бегона аз гербитсидҳои “Гранд Стоп” ва “Топик” истифода баранд.

Loading

X