Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқи, орзӯю ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.

                                                                               Эмомалӣ Раҳмон.

Тантанаи «Наврӯзи дилафрӯз» дар Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ»

Ба ифтихори Наврӯзи хуҷастапай санаи 20.03.2024 дар Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» бо иштироки кулли кормандон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавиро директори муассиса Далер Саторӣ ҳусни оғоз бахшида, ба ифтихори «Наврӯзи оламафрӯз» аҳли кормандонро дар ин рӯзҳои пурфараҳи баҳорӣ шодию нишоти наврӯзӣ, саодатмандию сарбаландӣ ва комёбиҳои шоёни меҳнатиро таманно намуданд.

Ҳамчунин иброз доштанд; ки Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашн ба ҳисоб рафта, табиат ва инсон аз он нерӯи тоза пайдо карда, дилу дидаҳо ба ҳам меоянд, некиву накӯкорӣ, амалҳои хайру савоб, рисолати фарҳангу маърифат ва ниҳоят ваҳдату ҳамгироӣ дастболо мегардад.

Боиси ифтихори беандоза аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзӣ аҷдодӣ умри дубора ва мақоми ҷаҳони гирифта, таъриху арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён боз ҳам бештар муаррифӣ намуд.

Наврӯз ҷашнест, ки дилҳоро ба илҳому офарандагӣ, созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд. Наврӯз чун дафтари дурахшони иқболи мо ба тамоми аҳли башар муаррифӣ гашт ва чун ҷашни умумибашарӣ, ҷашни ваҳдату ҳамбастагии инсоният пазируфта шуд.

Бигзор Наврӯз бо манзалати ҷаҳониаш, бо русуми аҷдодиаш, қалбҳои пурнур, шаҳомати бахтро фаровон, ранҷуриҳоро сарнагун ва шукуфтанҳои мақсудро бароятон мушарраф гардонад ва дар хотираи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи хиради бузурги гузаштагони некноми мо ва чун зеботарин ҷашни башарӣ то ҷовидон боқӣ монад.

Сипас оид ба «Наврӯз ва иқдомҳои созандаи он дар роҳи ҷаҳонишавӣ» қисме кормандон баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар рафти ҷашни идона роҳбари муассиса бархе аз кормандонро бо ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ филми мустанаде, ки таҷассумгари ҷашни Наврӯзи оламафрӯз буд пешкаши иштирокдчиён гардонида шуд.

Loading

X