Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Табрикоти директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» муҳтарам Далер Саторӣ бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз!

Бо умеду орзуҳои нек ва беҳтарин таманниёт фарорасии ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯзро ба ҳамаи Шумо кормандони гиромиқадр самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон дар ин рӯзҳои пурфараҳи баҳорӣ шодию нишоти наврӯзӣ, саодатмандию сарбаландӣ ва комёбиҳои шоёни меҳнатиро хоҳонам.

Боиси ифтихори беандоза аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзӣ аҷдодӣ умри дубора ва мақоми ҷаҳони гирифта, таъриху арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён боз ҳам бештар муаррифӣ намуд.

Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашн ба ҳисоб рафта, табиат ва инсон аз он нерӯи тоза пайдо карда, дилу дидаҳо ба ҳам меоянд, некиву накӯкорӣ, амалҳои хайру савоб, рисолати фарҳангу маърифат ва ниҳоят ваҳдату ҳамгироӣ дастболо мегардад.

Фазилати дигари Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузург мебошад. Аз ин лиҳоз, мову Шумо низ орзу менамоем, ки Наврӯзи оламафрӯз ҳамасола бо ранги сабзи худ чун дар фазои сулҳу оромӣ ва пиндору гуфтору рафтори нек моро ба сӯйи рӯзгори орому осуда, сулҳу субот ва ободии Ватани азизамон раҳнамун созад.

Наврӯз ҷашнест, ки дилҳоро ба илҳому офарандагӣ, созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд. Наврӯз чун дафтари дурахшони иқболи мо ба тамоми аҳли башар муаррифӣ гашт ва чун ҷашни умумибашарӣ, ҷашни ваҳдату ҳамбастагии инсоният пазируфта шуд.

Бигзор Наврӯз бо манзалати ҷаҳониаш, бо русуми аҷдодиаш, қалбҳои пурнур, шаҳомати бахтро фаровон, ранҷуриҳоро сарнагун ва шукуфтанҳои мақсудро бароятон мушарраф гардонад ва дар хотираи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи хиради бузурги гузаштагони некноми мо ва чун зеботарин ҷашни башарӣ то ҷовидон боқӣ монад.

Бори дигар қадами хуҷастаи Наврӯзро ба Шумо шодбош гуфта, таманно дорам, ки чеҳраи Шумо чун гулҳои наврӯзӣ хандону шукуфон, қалбатон чун офтоби оламорои Наврӯз поку беолоиш, табъатон чун насими наврӯзӣ хурсанди бахш ва дастархонатон чун хони наврӯзӣ пурнеъмату пуранво башад.

Бахту саодати наврӯзӣ, фараҳу шодӣ, иқболи баланд ва тансиҳативу рӯзгори осуда ҳамеша насибатон гардад.

Loading

X