Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

«Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзанди ва фарзи имонии ҳар як инсон аст.

Ин рисолатро мо дар сурате адо мекунем, ки ба қадри шири поки Модарон, меҳрубониву ғамхории самимонаи занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем».

Эмомалӣ Раҳмон

Тантанаи ҷашнгирии “Рӯзи Модар” дар Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”

Санаи 07.03.2024 дар МД. «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба ифтихори “Рўзи Модар” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Сараввал роҳбарияти муассиса ҷаласаро оғоз намуда, баҳри иштирокдорон чунин суханонро иброз доштанд: бо самимият ва эҳтироми беандоза ҳамаи Шумо кормандон махсусан бонувони азизро ба муносибати фарорасии Рўзи Модар, ки таҷассумгари иди баҳору зебоӣ ва сарсабзию хуррамӣ аст табрику таҳният менамоям.

Занону модарон ҳамеша чароғи пурфурўғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят ҳастанд.

Ҷавҳари рўзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-Модар ташкил медиҳад.

Дар оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврўз тавъам омадани Рўзи Модар дар Тоҷикистони биҳиштосои мо рамзи басо нек аст.

Бигзор ҷашни фархундаи Модар, ки ҳамрадифи баҳори сабзу хурам аст, бароятон қувваю нерўи тоза бахшида, дар хонадонатон нуру сафо, файзу сахо Ваҳдату оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва баракати рўзгорро насиб гардонад.

Сипас кормандони муассиса Сафаров Шералӣ, Зарипов Озар, Мусамиров Маҳмадсодиқ, Шомаҳмадзода Музаффар, Синои Турсунзода ва Уроқов Ёқубҷон оид ба “Мақоми зан дар ҷомеа” баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

Пас аз баромадҳо филми мустанаде, ки таҷассумгари бузургии зан модар буд пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дар фарҷом роҳбарият бори дигар бонувон ва дар симои онҳо кулли модарони кишварро табрик намуда, онҳоро бо тўҳфаҳо сарфароз гардониданд.

Loading

X