Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Табрикоти директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” муҳтарам Далер Саторӣ бахшида ба “Рӯзи Модар”

Бо самимият ва эҳтироми беандоза ҳамаи Шумо кормандон махсусан бонувону модарони азизро ба муносибати фарорасии Рўзи Модар, ки таҷассумгари иди баҳору зебоӣ ва сарсабзию хуррамӣ аст табрику таҳният менамоям.

Занону модарон ҳамеша чароғи пурфурўғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят ҳастанд.

Ҷавҳари рўзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-Модар ташкил медиҳад.

Дар оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврўз тавъам омадани Рўзи Модар дар Тоҷикистони биҳиштосои мо рамзи басо нек аст.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон иброз доштанд:

«Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо мекунем, ки ба қадри шири поки Модарон, меҳрубониву ғамхории самимонаи занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем».

Дар ин рўзи пурфараҳ ба Шумо бонувони азиз ва дар симои Шумо кулли занону модарони гиромиқадри кишварро бо Рўзи Модар табрик намуда, тансиҳатӣ, умри дароз, дили шоду ҷеҳраи хандон таманно менамоям.

Бигзор ҷашни фархундаи Модар, ки ҳамрадифи баҳори сабзу хурам аст, бароятон қувваю нерўи тоза бахшида, дар хонадонатон нуру сафо, файзу сахо, Ваҳдату оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва баракати рўзгорро насиб гардонад.

Loading

X