Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Сафари таҷрибаомӯзӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон

Сафари таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳа ба Ҷумҳурии Узбекистон дар доираи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз санаи 26 феврал то 2 марти соли 2024 идома дорад.

Ҷиҳати татбиқи самараноки Лоиҳа сафари таҷрибаомӯзӣ бо иштироки мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ, КВД “Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ”, Муассисаҳои давлатии Экспедитсияи “Мубориза бар зидди малах”, “Муҳофизати растаниҳо ва мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон”, Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, намояндагони раёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва мутахассиони Ташкилоти кишоварзӣ ва озуқавории СММ (ФАО) ҷараён дорад.

Дар оғози сафар вохурӣ бо намояндагони ФАО, роҳбарият ва мутахассисони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор карда шуд.

Мақсади сафар ин такмил додани дониш ва маҳорати инноватсионии иштирокҷиён, рақамикунонии соҳа, омӯзиши роҳҳои иноватсионӣ, ташхиси хок бо усули муоссир, усулҳои нави мубориза бар зидди зараррасонҳо, сохти кунунии гармхонаҳо ва сардхонаҳои доимоамалкунанда бо усули технологияҳои ҳозиразамон ва ғайраҳо мебошад.

Бо ин мақсад мутахассисон дар рафти сафар аз Институти хокшиносӣ ва агрохимия, озмоишгоҳи статсионарӣ, Агентии муҳофизати растаниҳо ва карантинӣ, озмоишгоҳои сайёр ва Озмоишгоҳи марказии фитосанирӣ Ҷумҳурии Узбекистон дидан намуда, мулоқоти корӣ ҷиҳати рушд ва тарзи рақамикунонии соҳа баргузор карда шуд.

Loading

X