Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Санаи 23 феврали соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бахшида ба таҷлили 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.

Сараввал ҷаласа бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, Директори муассиса Далер Саторӣ иштирокчиёнро ба ин ҷашн табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Артиши миллӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол воқеан як бахши ниҳоят муҳими давлатдорӣ ва асоси пойдориву мавҷудияти миллати куҳанбунёди мо дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, саҳмгузорӣ ба рушди он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвари кишвари азизамон мебошад. Дар тӯли 31 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, ки онҳоро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби бонувони муассиса оид ба нақши Артиши миллӣ дар худшиносии давлат ва сулҳу суботи кишвар баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарият ҳамаи кормандон ва дар симои онҳо кулли афсарону сарбозони кишварро самимона табрик гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирӯзӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон суботу оромии ҷовидонаро таманно

Loading

X