Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Марҳилаи навбатии тақсимоти техникаҳои кишоварзӣ

Санаи 21 уми феврали соли ҷорӣ дар ҶСП “Агротехсервис”-и шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини аввали Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, муовини директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” Боймурод Қурбонов, муовини директори Тоҷикагролизинг Батир Муминов, директори ҶСП “Агротехсервис Ҷалолиддин Нуралиев зерсохторҳои вазорати кишоварзӣ, роҳбарони хоҷагиҳо ва дигар шахсони расмӣ ҷамъомад оид ба даври навбатии тақсимоти техникаи кишоварзӣ баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар марҳилаи навбатии тақсимоти тракторҳо (6 -адад тракторҳои тамғаи “Беларус -82,1” ва 4 адад тракторҳои тасмачарх тамғаи “Агромаш” 90ТГ) ба Муассисаи давлатии Экспедитсияи мубориза бар зидди малах ва хоҷагиҳои калонҳаҷми ҷумҳурӣ дастрас карда шуд.

Сараввал муовини аввали вазири кишоварзӣ Носирзода Ҷаббор суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар аз рушди соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ калон дошта, яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати рушди соҳа аз ҷониби бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола дар доираи барномаҳои соҳавӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳамаи моро лозим аст, ки ба қадри ғамхориҳои пайваста бирасем ва барои рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамеша саҳмгузор бошем. Он тракторҳо ва мошинолотҳои дастрасгардидаи муосирро эҳтиёт намоед то солҳои тулонӣ ба шумо хизмат намоянд.

Бояд қайд намуд, ки дар марҳилаи аввал ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ як қатор мошинолотҳои кишоварзӣ, аз қабили 20 адад испорҳо, 15 адад нармкунакҳо, 13 адад тухмипошакҳои пахта, 13 адад тухмипошакҳои ғалладонагиҳо, 4 адад тухмитозакунак, 15 адад картошкаканак, 15 адад картошкашинонак, 2 адад заминҳамворкунак, 4 адад пахтатозакунак ва 4 адад тойбанди пахта дастрас карда шуд.

Дар марҳилаи дувуми тақсимот ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ 20 адад тракторҳо, 4 адад испорҳо, 7 адад ядакҳо, МД “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо” 9 адад тракторҳо, МД “Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ” 14 адад трактор ва КВДҶХН “Тоҷикниҳолпарвар” 11 адад тракторҳои калон, 13 адад тракторҳои хурд ва 23 адад мошинолоту таҷҳизоти кишоварзӣ дастрас карда шуд.

Пас аз баромади пурмӯҳтавои муовини вазири кишоварзӣ роҳбарони хоҷагиҳо миннатдории хешро барои дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ изҳор намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби муовини вазири кишоварзӣ ва дигар шахсони расмӣ калидҳои тракторҳо ба истифодабарандагони лоиҳа супорида шуд.

Loading

X