Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Табрикоти Директори муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли эҳтиром ва садоқатмандии бепоён ҳамаи Шумо кормандони гиромиқадрро ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Артиши миллӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол воқеан як бахши ниҳоят муҳими давлатдорӣ ва асоси пойдориву мавҷудияти миллати куҳанбунёди мо дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, саҳмгузорӣ ба рушди он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвари кишвари азизамон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Артиши миллии кишвар дар марҳалаи ба тақдири мамлакат ва Истиқлолияти он хатари ҷиддӣ таҳдид намудан ба навбунёдии хеш нигоҳ накарда, тавонист барои барқарор кардани сулҳу оромӣ ва бехатарии марзҳои кишвар талошу хизмати сарнавиштсоз ва шоистаи таҳсинро татбиқ намояд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Пайём таъкид намуданд, ки “Воқеоту таҳавулоти ҷаҳони муосир ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, то зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандустӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои Истиқлолияти давлатиро сармашқи кори хеш созем”.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш Шумо ҳамкорони азиз ва дар симои Шумо кулли афсарону сарбозони кишварро самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирӯзӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон суботу оромии ҷовидонаро таманно менамоям.

Loading

X